Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт нафарро аз Гуантанамо озод карданд


Ҷефрӣ Гордон - сухангуи Вазорати дифоъи Амрико гуфтааст, 8 (ҳашт) нафар аз афроде, ки дар боздоштгоҳи Амрико дар Гуантанамо нигаҳдорӣ мешуданд, ба зиндонҳои кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ интиқол шудаанд.


Шаш нафари онҳо ба Афғонистон, як нафар ба Либиё ва як нафари дигар ба Яман интиқол ёфтаанд. Дар бораи ҳуввияти онҳо маълумот дода нашудааст.


330 нафари дигар ҳамчунон дар боздоштгоҳи Гуантанами Куба боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG