Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбати Нурмуҳаммади Холзода Дар Укроин интихоботи порламонӣ баргузор шуд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ ҳизби Виктор Янукович - нахуствазири кунунӣ тақрибан 34,5 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст. Блоки Юлия Тимошенко 30,4 дарсад ва ҳизби раисҷумҳур Виктор Юшенко бештар аз 14 дарсади раъйҳоро аз они худ кардааст. Коршиносони интихоботӣ мегуянд, бо вуҷуди раъйи бештар аз дигарон нахуствазир Виктор Янукович мумкин аст ҳангоми ташкили кобинаи нави вазирон мақоми нахуствазириро аз даст диҳад.

Дар як суҳбате аз Дмитрий Видрин-сиёсатмадор ва узви кунунии порламони Укроин дар ин бора тавзеҳоти бештар хостам:

- Солҳои ахир анъана шудааст, ки мардуми Укроин 60 то 70 дарсад дар интихобот ширкат ҷуянд. Ин дафъа ширкати онҳо камтар буд ва ҳудудан 60 дарсадро ташкил дод. Ман фикр мекунам, ки ин падидаи маъмулист. Мардум аз гуфтугуҳои беинтиҳо дар бораи интихобот хаста шудаанд. Мардум аз моҷароҳои миёни давлатмардон ва тарзи муносибати онҳо, ки якдигарро бадном мекунанд, хаста шудаанд.

- Чӣ нируҳое дар ин интихобот бартарӣ ба даст оварданд?

- Медонед, ҳоло посух гуфтан душвор аст, чунки натиҷаҳои ниҳоӣ ба даст наомадааст. Натиҷаҳои ниҳоӣ баъд аз панҷ руз эълон мешавад. Тақсимоти Укроин ба ду урдугоҳ ё лагер ҳамчунон боқӣ мемонад, яке лагери норинҷӣ ва дигарӣ обиву сурхҳо. Тақсимот ҳамчунон мисли интихоботҳои гузашта боқӣ хоҳад монд. Яъне Ҳизби "Минтақаҳо" бо раҳбарии Виктор Янукович-нахуствазири кунунӣ бо коммунистҳо ва Ҳизби Юлия Тимошенко бо ҳизби "Укроини мо" ба раҳбарии раисҷумҳур Виктор Юшенко тақрибан раъйи баробар ба даст овардаанд. Ба ин далел, ҳамаи бозиҳо дар атрофи ҳизби Литвин сурат мегирад ва ба эҳтимоли зиёд ин ҳизб ба порламон роҳ меёбад ва эътилофи нируҳо дар порламони оянда ба мавзеъгирии вай иртибот дорад.

- Дар остонаи интихобот таҳлилгарон мегуфтанд, ки ҳизби нахуствазир Янукович ҳамчунон дар порламон бартарии худро ҳифз хоҳад кард. Вале шумо ҳоло мегуед, ки вазъ ин тавр нест. Оё Янукович метавонад мақоми нахуствазириро ҳифз кунад?

- Медонед, ман аз ҷумлаи ононе будам, ки мегуфтам, раъйҳо тақрибан ду тақсими баробар хоҳанд шуд. Ва ҳоло тақрибан вазъ ҳамин тавр аст. Дар чунин ҳолат нахуствазири кунунӣ барои ҳифзи мақоми худ имкони камтаре дорад. Боз ҳам ман мегуям, ки ин ба мавзеъгирии Литвин вобаста аст. Вай ҳам дар ташкили эътилофҳо ширкат хоҳад кард. Ҳизби вай бештар аз 3 дарсад ба даст хоҳад овард. Барои ҳамин вай метавонад нақши таъйинкунанда дошта бошад ва мумкин аст шакли нави эътилофро пешниҳод кунад. Вай шояд пешниҳод кунад, ки дар эътлоф ҳам норинҷиҳо ва ҳам обиҳову сурхҳо ширкат кунанд. Вай моҳҳои ахир саъй кардааст, ки Укроинро муттаҳид кунад. Вай бо ин барнома дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ ширкат хоҳад ҷуст.

-Ҳизби раиси ҷумҳур чӣ шонс дорад?

- Вай тақрибан баробари интихоботи гузашта раъй ба даст овард. Ба назарам, тақрибан 13 дарсад. Ман фикр мекунам, ки ин барои раисҷумҳур мояи таассуф аст, чунки дар оғоз мегуфтанд, ки мумкин аст 20 дарсад ба даст орад. Ононе, ки дар раҳбарии ҳизб қарор доштанд, мегуфтанд, ки бештар аз блоки Тимошенко раъй хоҳанд гирифт ва дастикам мақоми дуввумро хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG