Пайвандҳои дастрасӣ

Украина порлумони нав интихоб мекунад


uk

Украина имрӯз парлумони навро интихоб кунад ва ин чаҳорумин интихобот дар се соли охир мебошад.


Шурӯъ аз моҳи марти соли 2006 ин кишвар вориди як бӯҳрони амиқи сиёсӣ шуд: аз як ҷабҳа нирӯҳои рӯ ба Аврупои раисҷумҳур Виктор Юшенко ва аз самти муқобил рақиби рӯ ба Маскави нахуствазир Виктор Янукович қарор гирифтаанд.


Пешгӯӣ мешавад, ки дар раъйдиҳии имрӯза барои интихоби парлумони иборат аз 450 курсӣ ҳеҷ як аз аҳзоби ширкатдори интихобот аксарияти раъйро ба даст нахоҳад овард.


Интизор меравад, ки дар пайи интихобот ҷонибҳо баҳси аслиро сари ташкили эътилофи ҳукуматӣ ба роҳ хоҳанд монд.


Феълан садҳо нозирони интихоботӣ аз ҷараёни овоздиҳӣ мушоҳида мекунанд, дар миёни онҳо 700 нозир аз САҲА мебошанд.
XS
SM
MD
LG