Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози "лимит"-и нерӯи барқ дар Суғд


hs

Сар аз якуми октябр дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ хоҳад шуд.


Як мақоми "Барқи Тоҷик" дар вилояти Суғд ба хабаргузори маҳаллии "Вароруд" гуфтааст, то охири моҳи Рамазон барқ дар вилоят рӯзона аз соати 10 то 16 ва шабона аз соати 23 то 3-и субҳ хомӯш карда хоҳад шуд.


Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, дар авохири моҳи декабр агрегти нахустини нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба кор андохта шавад. Гуфта мешавад, ин агрегат қодир ба истеҳсоли 3 миллион киловатт соат нерӯи барқ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG