Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омӯзгори "гуреза аз пахтачинӣ" аз кор ронда шуд


Як омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо сабаби "саркашӣ аз иҷрои фармони вазири маориф" дар мавриди иштирок дар пахтачинӣ аз кор ронда шудааст.


Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки омӯзгор Гадомад Каримово аз кор рондааст, ба хабаргузории маҳаллии "Азия-Плюс" гуфтааст, ин муаллим бо як гурӯҳ донишҷӯён барои пахтачинӣ ба ноҳияи Колхозобод фиристода шуда масъулияти таҳияи шароити зист ва хурду хӯрокро барои донишҷуёни пахтачин бар дӯш дошт.


Аммо муаллим, гуфтааст ректор, баъд аз як рӯз се донишҷӯи дигарро ҳамроҳ бо худ гирифта ба Кӯлоб баргаштааст.
XS
SM
MD
LG