Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон бо Малта дӯст шуд


Тоҷикистон ва ҷумҳурии Малта бо бастани як тавофуқнома миёни ҳам муносиботи дипломатӣ барқарор намуданд.


Бино бар маълумоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ахиран, зери як чунин тавофуқнома оид ба истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Малта сафирони ин кишварҳо дар Маскав (Абдулмаҷид Достиев ва Марио Коста) имзо гузоштаанд.


Тақвияти дӯстиву рафоқат ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар ҳадафи аслии истиқрори муносиботи дипломатӣ унвон шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG