Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон низ нархи орду нон боло рафт


NA

Нархи гандуму орд дар бозори дохилии Қазоқистон низ боло рафт ва таносуби гаронии ин нарх дар муқоиса бо се моҳи қабл 68 % -ро нишон медиҳад.


Нархи як кило орд аз 25--26 танга ба 50 танга расидааст. Як тонна ордро имрӯзҳо дар бозори дохилӣ танҳо ба 220--230 доллари амрикоӣ метавон харидорӣ намуд. Қаблан он 150 доллар нарх дошт. Қимати як халта орд ҳам то ба 4000 танга расидааст, ки ин баробар ба 33 доллари амрикост. Нархи як нони булка – 55-60 танга (қариб ним доллар).


«Гарон, басо гарон аст. Даҳшат, намедонем чӣ гӯем…»- ҳасрат мекунанд қазоқон.


Болоравии нарх боиси камшавии нон дар магозаҳо гардидааст. Фурӯшандаи яке аз мағозаҳои хӯроквории Алмаато гуфт, ки 5 рӯз аст ба онҳо нон намеоранд. Ва ҳамаи ин дар ҳоле, ки Қазоқистон ғаллаи зиёд тавлид мекунад ва... беш аз нисфашро ба хориҷа мефурӯшад.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG