Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати нави Эрон аз қудратҳои ҷаҳонӣ


Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, аз гоҳномаи таъинкардаи Теҳрон ва Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаӣ дар ҳалли масъалаҳои барномаи ҳастаии Эрон пуштибонӣ кунанд. Вазири умури берунаи Эрон, Манучеҳри Муттакӣ гуфт, бояд "ҳамаи тарафҳо" ба хотири ҳалли мушкилоти мавҷуда аз ин тавофуқ ҳимоят кунанд.


Дирӯз аъзои доимии Шӯрои Амният ва Олмон дар мулоқоти Ню Йорк тасмим гирифтанд, баррасии басти саввуми таҳримҳои зидди Эронро дар моҳи ноябр идома диҳанд. Дар ин байн бояд гузоришҳои нави Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо қаламдоди вазъи масъала дастраси онҳо шавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, мухолифати Русия ва Чин сабаби он гардид, ки давлатҳои номбаршуда натавонистанд, дар марвиди таҳримҳои нави зидди Эрон ба хулосаи ниҳоӣ бирасанд.
XS
SM
MD
LG