Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи зудҳангоми порлумонии Украина


Имрӯз дар Украина интихоботи зудҳангом ва муҳими порлумонӣ барпо мегардад. Тибқи хабарҳо, се эътилоф пешсафи интихоботанд. Инҳо -- ҳизби ҳокими "Минтақаҳо"-и сарвазир Виктор Янукович, эътилофи "Украинаи мо"-и президент Виктор Юшченко ва блоки Юлия Тимошенко, собиқ сарвазир ва шарики пешини Юшченко дар инқилоби норанҷӣ. Ҳамаи аҳзоб тамаркузи асосиро рӯи барномаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд ва ваъда медиҳанд, ки агар баранда шаванд, музди кор, нафақа, бурси дониҷшӯӣ, кумак ба оилаҳои серфарзанд ва ҷубронпулиҳоро ба маротиб зиёд хоҳанд кард. Аммо аз рӯи назарсанҷиҳои ахир ин интихобот гумон аст, чизеро дар саҳнаи сиёсии Украина ҷиддан тағйир диҳад.


Бо вуҷуди ин пешбинӣ мешавад, ки дар раъйдиҳӣ наздик ба 70 дарсади интихобкунандагон ширкат хоҳанд кард ва барои рамзҳои сиёсии муайян, ки дар симои се чеҳраи саршинос бозтоб ёфтаанд, овоз хоҳанд дод. Ба гуфтаи таҳлилгарон ин рамзҳо баёнгари ду самтгирӣ хоҳанд буд. Чунончи, пирӯзии Юшченко ва Тимошенко маънии савқи кишвар ба сӯи Аврупо ва Ғарб ва пирӯзии Янукович талоши майл ба самти Русия.
XS
SM
MD
LG