Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози тоҷикон аз танзҳои "Наша Russia"


Вакилони порлумони Тоҷикистон аз риштабарномаи ҳаҷвии "Наша Russia" дар яке аз шабакаҳои сартосарии телевизиони Русия эътироз карда, бастани онро талаб намудаанд. Онҳо мегӯянд, дар ин барномаҳо шаъни миллии тоҷикон мавриди таҳқир ва тавҳин қарор мегирад. Қаблан нависандаи тоҷик Адаш Истад низ аз ин намоишҳо эътироз баён карда буд.

Яке аз силсиланамоишҳо "Равшан ва Джамшуд" ном дошта, ду муҳоҷири тоҷикро нишон медиҳад, ки бефаросот, нодон, ҳарис, танбал ва дурӯғгӯ мебошанд. Дар бархе аз намоишҳо дар паҳлуи хӯҷаини руси худ онҳо ба маймун ё ҳайвоноти дастомӯз ва ҳатто одами ибтидоӣ монанд мешаванд. Кордиҳандаи рус онҳоро бо вожаҳои "придурок", "идиот" ва ғайра дашном дода, зарбулат мекунад. Онҳо дар ҷавоб аҳмақии бештар нишон медиҳанд.


Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов дар сӯҳбат бо радиои "Эхо Москви" иқрор кард, ки паст задани шарафи миллӣ ғайриқобили қабул аст. Муаллифи барнома Михаил Галустян дар ҷавоб гуфтааст, ки "намехоҳад ба суханони пуч бо пучӣ посух диҳад." Паёмҳо дар сомонаи интернетии ин барнома нишон медиҳад, ки он дар Русия хеле маҳбуб ва пурбинанда мебошад.
XS
SM
MD
LG