Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари мусодираи заминҳои "президентӣ"


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба афроди масъули ҳукумати худ дастур додааст, истифодаи заминро дар кишвар ба танзим оваранд. Ба гуфтаи намояндаи дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ тибқи ин дастур, заминҳое, ки дар ду соли охир мавриди истифода қарор наёфтаанд, мусодира хоҳанд шуд. Ҳамчунин бояд таносуби заминҳои обӣ ва лалмии кишвар муайян гашта, сохтани манзил дар заминҳои обӣ қатъиян манъ хоҳад гашт.


Аммо нозирони маҳаллӣ мегӯянд, мақсади асосии ин дастур ба ихтиёри давлат бозгардондани заминҳоест, ки дар байни мардум бо номи "қитъаҳои президентӣ" маъруфанд. Бо дастури президенти кишвар дар солҳои 1995-97 наздик ба 75 000 ҳектор замин ба мардум дода шуд, то аҳолиро аз қаҳтӣ ва гуруснагии давраи ҷанги Тоҷикистон наҷот диҳад. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки мардум бе ин ҳам худсарона дар заминҳои бекорхобида гандум ва сабзавот кишт карда буд. Вале "қитъаҳои президентӣ" дар ҳақиқат дар давраи сахт аҳолиро аз гуруснагӣ наҷот дод. Масъалаи бозгардони замин ба ихтиёри давлат дар ҳоле ба миён омадааст, ки ҳукумат ҳамчунин мехоҳад, бозори заминро ба роҳ монад ва ба ин васила замин дар дасти афрод ё гурӯҳҳои сармоядор мутамарказ гардад. Дар Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламравашро кӯҳистон ташкил медиҳад, замин як масъалаи ҳаётан муҳим мебошад.
XS
SM
MD
LG