Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти Аҳмадинажод аз баъзе доираҳои ИМА


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз баъзе доираҳои ИМА-ро танқид кард, ки гуё кӯшиданд, сафари вайро ба Ню-Йорк ба ҳам зананд.


Вай аз он шикоят кардааст, ки ба ӯ ҳаққи боздид аз маҳалли собиқ Маркази ҷаҳонии тиҷорат, ки шоҳиди ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 шудааст, дода нашуд. Инчунин норизоиятии раиси ҷумҳурии Эрон дар ин аст, ки ӯро бо раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома бин Лодин муқоиса кардаанд.


Гуфта мешавад, таниши равобити миёни Вашингтону Теҳрон аз барномаҳи баҳсбарангези ҳастаии Эрон ва иттиҳомоти пуштибонии Эрон аз шӯришиёни Ироқ маншаъ мегирад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз Ҷумҳурии Исломии Эрон аз қудратҳои ҷаҳон даъват кард, ки ҷадвали замониии муайянкардаи Теҳронро барои ҳаллу фасли масоили мавҷуда бо Буноҳи байнулмилалии нируи ҳастаӣ пуштибонӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG