Пайвандҳои дастрасӣ

Мянмар: саркӯбии норозиён ва қатъи интернет


Сарбозони артиши ҳукуматӣ дар дирӯз дар Янгон, пойтахти Мянмар, ба хотири пароканда кардани тазоҳуроти 2 ҳазор нафар эътирозгар ба осмон тир кушоданд. Сипас онҳо баъзе аз тазоҳургаронро калтаккорӣ карданд ва иҷборан ба мошинҳо савор намуда, ба самти номаълум бурданд.


Гуфта мешавад, тазоҳуроти дирӯза назар ба раҳпаймоиҳои рӯзҳои пеш, ки дар он садҳо ҳазор нафар ширкат доштанд, хурдтар буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Мянмар дастрасӣ ба интернетро қатъ карда ва маъбадҳои аслии буддоиёнро таҳти назорат гирифтанд.


Маҳз роҳибони буддоӣ ҳидоятгарони аслии тазоҳурот ба зидди ҳокимони низомии Мянмар буданд. Ҳафтаи равон дар ҷараёни бархурди сахтгиронаи маъмурони амниятӣ дасти кам 10 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG