Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 30 нафар дар таркиши Кобул


KB

Дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ болои як автобуси артиши Афғонистон имрӯз дар Кобул 30 нафар ҷони худро аз даст доданд. Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон генерал Муҳаммад Зоҳири Азимӣ дар ин замина ба радиои Афғонистони Озод иттилоъ дод, ҳодисаи мазкур субҳи шанбе дар ҳоле рух дод, ки ҳамлагари либоси сарбозӣ ба тан дар қатори низомиёни афғонӣ кӯшиши ба автобус нишастанро кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ба ғайр аз кушташудагон 21 тани дигар захмӣ шуданд, ки дар байни онҳо афроди мулкӣ ҳам дида мешаванд».


Дар ҳамин ҳол масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Толибон ба уҳда гирифт. Гуфта мешавад, ҳаракати Толибон имсол беш аз 100 чунин ҳамлаи интиҳориро болои афроди мулкиву низомӣ анҷом додааст, ки дар пайи онҳо ҳудудан 4500 нафар қурбон шудаанд.


Дар вокуниш ба ин ҳодиса раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ба муборизаи шадиди зидди терроризм даъват кард. Ҳавиер Солана, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба ин ҳодиса гуфт, талошҳо барои барқарорсозии Афғонистон бояд идома ёбанд. «Иттиҳоди Аврупо ҳар кореро, ки қодир аст, анҷом хоҳад дод» - гуфт ӯ.
XS
SM
MD
LG