Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш хостори бархӯрди нав бо тағйири иқлим аст


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Даблю Буш имрӯз аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки барои коҳиш додани бухорҳои гулхонаӣ ҳадафҳои дарозмуддатро дар пеш гузоранд.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши дурӯзаи байналмилалӣ оид ба гармоиши курраи Замин Ҷорҷ Буш гуфт, барои муқобила бо гармоиши Замин бояд ҳам кишварҳои мутараққӣ ва ҳам мамолики дар ҳоли рушд нақш дошта бошанд: "Кишварҳои мо якҷоя роҳро барои расидагии нав ба масъалаи ихроҷи газҳои гулхонаи ҳамвор мекунанд. Барои ҳалли ин мушкил бояд тамоми ихроҷкунандагони аслии газҳои гулхонаӣ, бо шумули кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд саҳм дошта бошанд. Мо барои коҳиши ҷаҳонии ихроҷи газҳои гулхонаӣ ҳадафҳои дарозмуддатеро дар пеши худ хоҳем гузошт."

Мунтақидон нигаронанд, ки ҳукумати Ҷорҷ Буш ба он пофишорӣ хоҳад кард, ки кишварҳои асоси ихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ довталабона ихроҷи ин бухорҳоро кам намоянд, на маҷбурӣ ки Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG