Пайвандҳои дастрасӣ

Р. Зоиров: Тоҷикистон порлумони мустақил надорад


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар як ҳамоиши байнулмилалӣ гуфт, кишвараш порлумони мустақил надорад. Зоиров дар конфаронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава, пойтахти Лаҳистон, гуфт, ҳарчанд зоҳиран дар Тоҷикистон раванди қонунгузорӣ демократӣ намудор мешавад, вале дар асл ширкати шаҳрвандон дар ин раванд ба ҳадди поин коҳиш ёфтааст. Шаҳрвандони оддӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таҳияи қонунҳо ширкат карда наметавонанд, зеро пешнависҳои қонун ба таври махфӣ, ношаффоф ва ғайридемократӣ омода ва қабул мешаванд.

Ҷаноби Зоиров ҳамчун намуна аз қонунҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дин ва созмонҳои мазҳабӣ, танзими расму оинҳо ном бурд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон инро ҳам изофа кард, ки шаҳрвандон дар масъалаи таҳияи қонунҳо ҳаққи муроҷиати мустақим ба Додгоҳи қонуни асосӣ ва ё худи порлумонро надоранд. Худи порлумон, ба гуфтаи ӯ, номустақил буда, ба Додгоҳи қонуни асосӣ ва Додгоҳи олӣ ҳаққи талқин ва тафсири қонунҳо дода нашудааст.

Гуфта мешавад, дар ҳамоиши Варшава ҳайъате аз Тоҷикистон ширкат мекунад, аз ҷумла намояндагони вазоратҳои адлия ва умури дохилӣ, Додситонии кул, Кумитаи умури занони порлумон ва ғайра.

Дар зимн Созмони Шаффофияти Байнулмилал (Transparency International) низ дар гузориши ахири худ аз набуди шохаҳои мустақили қудрат дар Тоҷикистон хабар дода, ин ҳолатро яке аз сабабҳои асосии нокомии мубориза зидди фасоду ришват номидааст. Тибқи пажӯҳишҳои ин созмон Тоҷикистон дар соли гузашта дар раддабандии фасодзадагии кишварҳои ҷаҳон ба мақоми бадтар поин омадааст.
XS
SM
MD
LG