Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо аз ҳабси Окруашвилӣ дар Тифлис


Гига Бокериа, яке аз муттафиқони аслии раисҷумҳури Гурҷистон Михайил Саакашвилӣ аз тазоҳургарони зиддидавлатӣ хост, дар раҳпаймоиҳояшон аз зӯроварӣ парҳез кунанд. Гига Бокериа - як узви бонуфузи порлумони Гурҷистон гуфт, агар тазоҳургарон зӯроварӣ ба кор баранд, давлат низ аз нерӯ кор хоҳад гирифт.


Бино ба гузоришҳо, чанд ҳазор нафар имрӯз ба хиёбонҳои шаҳри Тбилисӣ рехтанд, то ҳимояти худро аз Ираклий Окруавшилӣ - вазири собиқи дифоъ баён кунанд, ки ахиран бо иттиҳомоти фасодкорӣ боздошт шуд.


Пеш аз боздошташ, Ираклий Окруашвилӣ раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилиро ба судури дастури қатли мухолифони сиёсиаш муттаҳам кард.


Аҳзоби мухолифи Гурҷистон мегӯянд, боздошти Ираклий Окруашвилӣ ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG