Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Девони олӣ ба Мушарраф ҳаққи номзадӣ дод


Девони олии Покистон имрӯз, 28 сентябр ҳукм кард, ки раисҷумҳур Парвиз Мушарраф бо вуҷуди сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар будан, ҳаққи номзадӣ дар интихоботи ояндаи раисҷумҳурро низ дорад.


Парвиз Мушарраф дирӯз барои панҷ соли дигар боқӣ мондан дар қудрат расман дархости номзадӣ ба мақоми раиси ҷумҳур кард.


Аҳзоби мухолифи Покистон бо ироаи дархости расмӣ аз Девони олӣ тақозо карда буданд, ки ба Парвиз Мушарраф ҳаққи ширкат дар интихоботро надиҳад, зеро бар асоси Қонуни асосии Покистон фармондеҳи артиш ҳақ надорад, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур бошад.
XS
SM
MD
LG