Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ню-Йорк боз Эронро баррасӣ мекунанд


Вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амният: Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Бритониё ва Амрико бар изофаи Олмон имрӯз дар шаҳри Ню-Йорк дигарбора роҷеъ ба барномаҳои атомии Эрон ба гуфтугу пардохтанд.


Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс пофишорӣ дорад, то барои муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум дар Эрон ба зидди ин кишвар таҳримоти нави сахт эъмол шавад.


Вале вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, кишвараш то замони нашри гузориши Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ доир ба фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дар моҳи декабр, таҳримоти нав ба зидди ин кишварро баррасӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG