Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунаққиди Саакашвилиро боздошт карданд


Ираклий Окруашвилӣ чанд рӯз баъд аз он дастгир шуд, ки бо лаҳни шадиде раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилиро танқид кард ва ҳатто гуфт, Михаил Саакашвилӣ дар вақташ аз ӯ хостааст, то чанд нафар шахсияти бонуфузро нобуд кунад.

Муовини додситони Гурҷистон Ника Гварамиа билофосила баъд аз боздошти Ираклий Окруашвилӣ баён дошт, ки вай ба чанд ҷиноят: яъне, ба азхуд кардани маблағҳои давлатӣ, шустушуи пул, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва бемасъулиятӣ муттаҳам мешавад.

Ираклий Окруашвилиро чанд рӯз баъд аз он боздошт карданд, ки вай бо таъсиси Ҳизби наве бо унвони Ҷунбиши Гурҷистони воҳид, раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилиро ба фасодкорӣ муттаҳам кард. Ираклий Окруашвилӣ гуфт, Михаил Саакашвилӣ дар вақташ ба ӯ дастур додааст, то яке аз чеҳраҳои шинохта ва тоҷири сарватманди гурҷиро нобуд кунад, вале далеле дар ин робита ироа накард.

Агарчӣ ҳукумати Михаил Саакашвилӣ дар робита ба ин иттиҳомот то кунун расман вокуниш нишон надодааст, аммо шарикони раисҷумҳури Гурҷистон он иддаҳоро беасос ва дуруғ номидаанд.

Бо назардошти интиқодоти ахир аз раисҷумҳур, аҳзоби мухолифи давлати Михаил Саакашвилӣ боздошти вазири собиқи дифоъро, ки ба тозагӣ ба саҳнаи сиёсат бозгашт, оғози террори сиёсӣ ва саркубии оммавӣ аз тарафи ҳукумат хондаанд. Онҳо мегӯянд, боздошти Ираклий Окруашвилӣ ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Тина Хидашелӣ, раиси Ҳизби мухолифи Ҷумҳурихоҳ, ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ки ҳукумати Гурҷистон талош дорад, ба даҳони ҳар нафаре, ки ба зидди онҳо сухан мегӯяд, муҳри хомушӣ занад. Аҳзоби мухолифи нотифоқи Гурҷистон қавл додаанд, ки ба зидди ин иқдоми давлат эътироз хоҳанд кард.

Ираклий Окруашвилӣ, ки дар айёми фаъолияташ бо баёнияҳои мухталифу ҷанҷолӣ низ дар миёни мардум ҳамчун ватандуст шуҳрат ёфт, соли гузашта аз мақоми вазири рушди иқтисодӣ барканор шуд.

Пештар аз ин вай ба ҳайси додситони кулл ва вазири дифоъи Гурҷистон кор кардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони сиёсии гурҷӣ, чун дар Гурҷистон эҳсосоти миллатдӯстӣ қавӣ аст ва Ираклий Окруашвилӣ ҳамчун ватандӯст, тарафдори арзишҳои суннативу мазҳабӣ дар миёни мардум шинохта шудааст, боздошти ӯ метавонад, ҷанҷолҳоеро дар Гурҷистон барангезад. Дар кишваре, ки бе ин ҳам бо минтақаҳои ҷудоихоҳаш ба мисли Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дарди сарҳои бисёре дорад.
XS
SM
MD
LG