Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Шӯрои уламои Суғд аз масоҷиди вилоят


Шӯрои уламои дини Суғд ба масъулини он масчидҳои вилоят, ки иҷозатномаи истифодаи замин надоранд, дастур додааст, то дар кӯтоҳтарин муддат онро таҳия кунанд.


Дар вилояти Суғд беш аз як ҳазор масҷид фаъол аст, ки наздики 90 адади он масҷиди ҷомеъ мебошанд. Додситонии Сугд ахиран эълон дошт, ки зиёда аз 350 масҷиди ин устон муҷаввизи истифодаи замин надорад ва аз имом-хатибони онҳо ва Шӯрои уламои вилоят тақозо кард асноди лозимаро зудтар таҳия кунанд.


Аммо дар ҳоле, ки додситонии Суғд аз масоҷид санади сабти ном ва иҷозатномаи истифодаи замин талаб мекунанд, имом-хатибон аз мушкили дарёфти ин аснод ҳарф мезананд.


Мирзоабдулло Ҷамолиддинов, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи маркази ноҳияи Ашт, мушкили санадгузории масоҷидро дар печидагии он мебинад. Ӯ мегӯяд, таҳияи асноди масҷид кори осоне нест ва шахсан вай таййи як сол натавонистааст барои масҷиди ҷомеъи шаҳраки Шайдон муҷаввизи замин ба даст оварад, зеро барои гирифтани он ба ҷуз кумитаи заминсозӣ боз лозим аст аз 12 мақомоти дигар, аз ҷумла шуъбаи муҳити зист, кумитаи омор, маркази беҳдошт, идораи сӯхторнишонӣ, идораи байторӣ, ризояти хаттӣ гирифт.


Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG