Пайвандҳои дастрасӣ

Бохти "Регар" ТадАЗ дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC


Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоӣ дар шаҳри Лоҳури Покистон аз тими «Маҳендра Полис»-и Непал бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд.

Бояд тазаккур дод, ки сӣ дақиқаи қисми аввали ин дидор бо бартарии бозигарони тоҷик сурат гирифт. Маъруф Рустамов тӯби ба ӯ ҳавододаи Абдулло Умарбоевро вориди дарвозаи тими ҳариф карда, ҳисобро боз намуд. Вале баъди шаш дақиқа непалиҳо ҳисобро баробар карданд. Голро Ҷу Ману Рай ба самар расонд. Дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 ба танаффус баромаданд.

45 дақиқаи қисми дуввуми бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн гузашт, аммо ҳисоб тағйир наёфт. Ба капитани дастаи пулисҳои Непал Ромиш Будатоки муяссар шуд, ки дар дақиқаи аввали изофашуда голи ҳалкунандаро ба ҳадаф расонда, пирӯзии дастаашро бо натиҷаи 2 бар 1 таъмин созад.

Бад-ин тартиб дастаи «Регар» ТадАЗ, аввалин барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё аз ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ маҳрум шуд. Ва аммо қаҳрамони Непал - «Маҳендра Полис» нахустин бор ба бозии ниҳоии Ҷоми раиси AFC роҳ ёфт ва рақибаш дар бозии дигари ниманиҳоӣ миёни тимҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва СК "Ратнам"-и Шри-Ланка шоми 28-уми сентябр муайян хоҳад шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё рӯзи якшанбеи 30-юми сентябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG