Пайвандҳои дастрасӣ

Фаррух Амонатов: умед дорам, ки қаҳрамони ҷаҳон мешавам.


муҷрии барнома Маҷаллаи "Ҷаҳони варзиш" аз студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе тақдим мегардад.

Меҳмони барномаи навбатӣ - шатранҷбози мумтози тоҷик Фаррух Амонатов, ки феълан дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад. Вай зимни сӯҳбат бо мо нахуст дар бораи шарҳи ҳоли худ чунин гуфт:
"Ман феълан дар шаҳри Маскав ба сар мебарам. 29 сол дорам. Аниқтараш 13-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаам. Соли 1995 мактаби таҳсилоти ҳамагонии шумораи 20-и пойтахти Тоҷикистонро ба итмом расонида, сипас Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилоъоти шаҳри Маскавро хатм кардаам. Оиладорам. Ҳамсарам Ирина Трофимовская номзад ба устоди варзиш оид ба шоҳмот мебошад.Аз синни шашсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзам. Мураббии аввалинам Вячеслав Ким буд. Соли 2002 дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Бледи Словения меъёри гроссмейстери байнулмилалиро ба ҷо овардам. Ман ҳаёти худро бе шоҳмот тасаввур карда наметавонам. Бинобар ин дар ҳамаи мусобиқоти бузурги шоҳмоти Русия ширкат меварзам. Ва, албатта, мекӯшам, ки дар арсаи ҷаҳонӣ муваффақ шавам."

Шатранҷбози мумтози тоҷик Фаррух Амонатов соли 2004-ум ба унвони қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Маскав даст ёфта буд. Се соли ахир паиҳам вай барандаи ҷоизаи севвуми ин мусобиқот гардидааст. Имсол бошад, Фаррух Амонатов дар севвумин давраи ҷашнвораи шатранҷи Moskov Open-2007 дар байни 12 нафар беҳтаринҳо ҷойгир шуд. Ин мусобиқоти байнулмилалӣ дар шаҳри Маскави Русия бо ширкати беш аз 800 нафар шатранҷбозони 22 кишвари ҷаҳон дар се гурӯҳ сурат гирифт. Фаррух Амонатов дар гурӯҳи «А» бо беҳтарин шатранҷбозони ин ҷашнвора рақобат карда, аз нӯҳ дидор танҳо дар яктоаш аз гроссмейстери молдовӣ Владимир Светушкин мағлуб гардида, дар ниҳоят бо 5 имтиёз дар зинаи дувоздаҳум қарор гирифт. Лозим ба тазаккур даст, ки Фаррух Амонатов барои севвумин бор дар ин ҷашнвора ширкат варзид. Вай нахустин барандаи Ҷоми Moskov Open дар соли 2005 мебошад.

"Соли гузашта, - мегӯяд Фаррух Амонатов, - - ман ба зодгоҳам - шаҳри Душанбе омада, дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон ширкат кардам. Ман дар ҳамаи 15 бозӣ бар ҳарифони худ пирӯз гардида, бо 15 имтиёз нахустин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтам. Дар ин мусобиқот ҳарифонам зӯртарин шатранҷбозони кишвар, ба мисли Ҷамшед Исоев, Рашид Ҳусейнов ва Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев буданд. Мо - чаҳор нафар беҳтарин шатранҷбозони ин мусобиқот дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шарафи кишварро дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки ахири моҳи май ва авоили моҳи июни соли 2006-ум дар шаҳри Турини Итолиё баргузор шуд, ҳимоя кардем."

Тими мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Ҷамшед Исоев, Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Илҳом Юнусов дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Турини Итолиё аз 13 дидор 28 имтиёз ба даст оварда, байни 150 дастаи мунтахаб ҷои 54-умро соҳиб шуд. Шатранҷбозони тоҷик дар 6 дидор бар тимҳои Уэллс, Никарагуа, Монако, Лубнон, Парагвай ва Колумбия ғолиб омада, ду бозиро бо Мексика ва Ямайка мусовӣ анҷом доданд ва дар 5 дидор аз тимҳои Словения, Эквадор, Тунис, Ҷазираҳои Фарер ва Гватемала шикаст хӯрданд.

"Ба назари ман, - иброз дошт Фаррух Амонатов, - - бозии шоҳмот дар ҷумҳурӣ бо суръати баланд рушд меёбад. Вале барои боз ҳам бештар ривоҷ ёфтани шоҳмот дар Тоҷикистон тарғибу ташвиқи шоҳмот тавассути телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо зарур аст, то ин ки ба ин навъи маъмултарини варзиш ҳарчи бештар кӯдакону наврасон ҷалб карда шаванд. Зеро шоҳмот бозии қадима аст ва ба инсон барои инкишофи ақливу зеҳниаш кӯмак мекунад."

Бузургустоди шатранҷи тоҷик Фаррух Амонатов ахиран дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Русия ҷойи чаҳорумро касб карда, ба суперфинал роҳ ёфт. Вай аз 11 бозӣ 7 имтиёз гирифт. Лозим ба тазаккур аст, ки 11 нафар шатранҷбозони раддаи аввали ин мусобиқот натиҷаи якхела - 7-имтиёзӣ ба даст оварданд.
Фаррух Амонатов мегӯяд, ба истиснои шоҳмот, ошиқи футболу теннис мебошад. Аз навъҳои ғизо оши палав ва сихкабобро дӯст медорад. Тамошои филмҳои мазҳакавиро меписандад. Ҳангоми фароғат ба хондани китоб ё шунидани ретро-мусиқӣ машғул мешавад.

"Хуб, нақшаи ман дар оянда, - изҳор кард Фаррух Амонатов, - ба ҳар ҳол ман ҳанӯз умед дорам, ки билохира қаҳрамони ҷаҳон мешавам. Ман ба шатранҷбозони Тоҷикистон кӯшиши муваффақона бозӣ кардан ва пирӯз гаштанро дар арсаи байнулмилалӣ орзумандам."


Саҳифаҳои дигари ин барнома ба ширкати варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин давраи Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон дар Беларус , натоиҷи бозиҳои дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва вазъи бокс дар вилояти Суғд бахшида шудаанд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG