Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ: 60 кушта ва 120 маҷрӯҳ дар як рӯз


Дар ҳамлаву бобмгузориҳо дар Ироқ рӯзи чаҳоршанбе 60 нафар кушта ва 120 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин рӯз, аз ҷумла, танҳо бар асари инфиҷори ду мошин дар пойтахти кишвар шаҳри Бағдод 32 нафар ба ҳалокат расид.


Дар ҳамин ҳол Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, авзоъи Ироқ ҳанӯзаз эътидол дур аст ва авҷ гирифтани хушунат паёмадҳои фоҷиъаборе хоҳад дошт.


Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс барои амалиётҳои низомӣ дар Ироқу Афғонистон аз конгресси ИМА 190 миллиард доллар хостааст, ки буҷаи бузургтарини низомӣ аз оғози ҷанг бар зидди терор маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG