Пайвандҳои дастрасӣ

Мушарраф ҳамоно болои ду зин хоҳад монд?


Нахуствазири Покистон Шавкат Азиз дархости расмӣ барои номзадии Парвиз Мушарраф ба комиссияи марказии интихоботро ироъа намуд.


Раиси ҷумҳури Покистонро порлумони кишвар ва маҷлисҳои вилоятӣ интихоб мекунанд. Гуфта мешавад, ки раъйдиҳӣ дар порлумон рӯзи 6-уми октябр баргузор мешавад.


Аммо Девони олии Покистон дархости нерӯҳои мухолифинро баррасӣ мекунад, ки хостаанд, ба Парвиз Мушараф ҳаққи ширкат дар интихобот дода нашавад, зеро ӯ сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Покистон аст ва бар асоси қонуни асосӣ соҳиби ин вазифа ҳаққи пешниҳоди номзадии худ ба мақоми раиси ҷумҳурро надорад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки маъмурони амниятӣ субҳи имрӯз пойтахти кишвар шаҳри Исломободро муҳосира карданд, то монеъи тазоҳуроти тарафдорони нерӯҳои мухолифин шаванд.
XS
SM
MD
LG