Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Мянмар, билахира, хун рехт!


Маъмурони амниятии Мянмар дирӯз ба рӯи тазоҳургарони мухолифи давлат дар шаҳри калонтарин ва пойтахти кишвар Янгон (Рангун) оташ кушоданд. Бар асоси гузоришҳои матбуоти давлатии Мянмар, дар ҷараёни саркӯбиҳо 9 нафар кушта ва 11 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷумла як хабарнигори ҷопонӣ низ ба ҳалокат расидааст.


Раҳбарони низомии Мянмар барои тазоҳурот монеъа эҷод кардан саркӯбии онҳоро шиддат бахшида, садҳо нафарро боздошт карданд.


Пештар аз ин нерӯҳои амниятӣ ба маъбадҳои буддоӣ, ҳуҷум карда, ҳидоятгарони асосии тазоҳургаронро дастгир намуданд.


Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин Ҷианг Ю дирӯз ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки Чин, чун кишвари ҳамсоя бо Мянмар, авзоъи онро бодиққат мушоҳида мекунад. Чин Ҷианг Ю мегӯяд: «Мо намехоҳем суботи Мянмар халалдор шавад. Мо ҳамчунин намехоҳем, то ба амнияту суботи минтақа латма ворид шавад. Мо умедворем, ки ҳукумати Мянмар таъминоти иҷтимоиро беҳтар, ҳамсозии миллиро ҳифз ва муноқишаҳои иҷтимоиро ҳал мекунад».


Дар ҳамин ҳол давлати Чин аз ҷомиъаи ҷаҳонӣ давъат кард, то ба Мянмари ҷангзада кумак расонад.
XS
SM
MD
LG