Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон аз Тоҷикистон ибрат мегирад


Палатаи болоии порлумони Қазоқистон қонунеро тасвиб кард, ки ба ҳукумат имкон медиҳад, қарордодҳо бо ширкатҳои хориҷиро ба осонӣ тағйир диҳад ва ё беэътибор намояд.


Қонуни мазкурро, ки рӯзи гузашта палатаи поёнии порлумон тасвиб кард, акнун бояд раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев ба имзо расонад.


Бар асоси қонун, агар ягон созишномаи бастаи Қазоқистон бо ширкати хориҷӣ таҳдид ба манофеъи иқтисодии ин кишвар арзёбӣ шавад, ҳукумат метавонад, онро тағйир диҳад ва ё беэътибор эълом кунад.
XS
SM
MD
LG