Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Фараж»: зӯри Ожонсӣ ба чи мерасад?


Мунаввари Мунавварзод Дар арафаи интихоботи наздики раисиҷумҳури Узбакистон расонаҳои Тоҷикистон низ ба он чун ба як маъракаи муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.

Аз ҷумла ҳафтаномаи «Аsia-Рlus» саҳифаи аввалини бахши «Дар ҷаҳон»-и худро ба ин мавзӯъ бахшида, матлаберо таҳти унвони «Узбакистон: интихобот ҳаст. Вале интихоб чи?» ба нашр расонидаааст.

«Интихоботҳо, ҳатто интихоботҳо ба номзади беалтернативу ягона, хоҳ-нохоҳ нуқтаи нави оғоз мешаванд, - омадааст дар ин матлаб. - Ва мардум, тибқи анъана, ба як навъ беҳбуди зиндагӣ умед мебанданд». Вале, ба ақидаи ҳафтанома, эълони интихоботи президентӣ дар байни мардуми Узбакистон вокуниши гармеро ба амал наовард. «Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон ба воқиъаҳои сиёсии кишвари ҳамсоя бо шавқи зиёд менигаранд, - овардааст ҳафтанома ва суол додааст: - Оё мо акнун метавонем ба тағйироте дар муносиботи мураккабамон бо Узбакистон умед бандем?» Дар посух ба ин суол «Аsia-Рlus» суханони сиёсатшинос Парвиз Муллоҷоновро меорад, ки ӯ тағйири куллии муносиботи байни ин кишварҳои ҳамсояро на ба шахсияти Ислом Каримов, раисиҷумҳури феълии Узбакистон, ва на ба муносибатҳои шахсии президентҳои Тоҷикистону Узбакистон марбут намедонад. Сиёсатшинос бар ин аст, ки дар ҳар сурат мо танҳо ба як навъ беҳбуди вазъи марбут ба раваодид ё виза ва бозшавии иртибототи ҳавоӣ умед баста метавонем. Вале ба ақидаи Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ, И. Каримов метавонад усули Елтсинро истифода намуда, қабл аз истеъфои зудҳангом ба ҷои худ шахси «худӣ»-ро монад.

«Наҷот», нашрияи ҲНИТ, мавзӯъҳои асосии худро ба Анҷумани 8-уми ин ҳизб ва «қазияи масоҷид» бахшидааст. Нахуст, ҳафтанома дар се саҳифаи худ матни суханронии раиси тозаинтихоби ҳизб Муҳиддини Кабириро овардааст. «Мо рисолати худрол ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар ҳимояи манофеи давлат, мардум ва арзишҳои милливу мазҳабии хеш мебинем ва меҳвари тамоми фаъолиятҳову мавқеъгириҳои мо маҳз ҳамин масоил мебошанд», - аз ҷумла овардааст суханони Кабириро ҳафтанома. Дар матлаби «Масҷид ҳамеша ҳукми масҷидро дорад» сиёсатмадор ва симои шинохтаи рӯҳонии кишвар ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ба мавзӯъи, ба истилоҳ, масҷидҳо пардохта, нахуст таъкид кардааст, ки «...дар ин масъала сукут варзидани ман, пеш аз ҳама, дар назди Худованд ва, сипас, дар назди мардуми мусалмони Тоҷикистон нобахшиданӣ мебуд». Баъди ин Тураҷонзода дар ду бахш - «Ҳукму назари ислом дар бораи маҳдуд кардан ва бастани масҷидҳо» ва «Масъалаи масҷидҳои панҷвақтаро чи гуна метавон ҳал кард?» - ақидаи худро роҷеъ ба ин масъала ба тарзи муфассал баён мекунад. Дар охири ин матлаб Тураҷонзода пешниҳод мекунад, ки «...чунин як қонун нисбати масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, ки то имрӯз бе ҳуҷҷатҳои расмӣ фаъолият доранд, қабул карда шавад... Онҳо бояд ба андозаи эҳтиёҷи воқеъии мардум дар ҳар марҳила ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вуҷуд дошта, фақат аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба маълумот гирифта шаванд ва ниёзе ба ҳуҷҷатгузории расмии ҷудогона ва гузаштан аз қайди давлатӣ надошта бошанд, зеро онҳо ташкилоти мустақили динӣ ва шахси ҳуқуқӣ нестанд».

«Фараж», як ҳафтаномаи мустақил, ба масъалаи доғи рӯз - фасод - рӯ оварда, матлаберо зери унвони «Зӯри оҷонсӣ фақат ба муаллим мерасад?» пешкаши хонандагонаш кардааст. Дар матлаб, аз ҷумла омадааст: «Атрофи фасоди моливу коррупсия метавон мисолҳои зиёде овард, саду як факту далели зинда рӯи коғаз навишт. Аммо гуфтаи «Шӯхӣ макун ба арбоб, Арбоб мезанад ба ҳар боб» дар сар мезанаду аз гуфтани воқеъият кас худдорӣ мекунад». Муаллифи матлаб ҳамчунин хулосаи мардумро дар робита ба ин мавзӯъи доғ овардааст, ки мегӯянд: «Зӯри Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия ба чанд муаллим мерасад, агар зӯранд, маротибе вазире ва ё прокурореро дастгир кунанд».

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG