Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони фасод дар кишварҳои дунё


Созмони «Транспаренси Интершнл», мақараш дар Берлин, Мянмар, Сомали ва Ироқро дар хатти аввали кишварҳои фасодзадаи олам ҷой додааст.


Тибқи феҳристи ин созмон, ки имрӯз нашр шуд, дар се кишвари дигар - Дания, Финландия ва Зеландияи нав - коррупсия ва ё фасод тақрибан комилан аз байн рафтааст. Дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ - Хорватия, Ҷумҳурии Чех, Македония ва Руминия, мабнӣ бар феҳристи «Транспаренси Интернешнл», сатҳи фасод поин рафтааст ва созмон инро натиҷаи вуруди ин кишварҳо ба Итиҳодияи Аврупо мехонад.


«Транспаренси Интернешнл» ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро, ба сафи кишварҳои фасодзада шомил кардааст. Дар ҳамин ҳол ин созмони байнулмилалӣ Узбакистонро дар миёни 10 кишвари фасодзадатарини олам ҷой додаааст.
XS
SM
MD
LG