Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 165 сарбозашонро талаф доданд


Дар задухӯрдҳои нерӯҳои НАТО ва эътилофи таҳти фармони Иёлоти Муттаҳида бо Толибон дар ҷануби Афғонистон дасти кам 165 тан аз мухолифини ҳукумат кушта шуданд. Як сарбози нерӯҳои эътилофӣ низ дар ин даргириҳо ҷон бохтааст.


Дар ҳамин ҳол Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дирӯз гуфт, ки Афғонистон таҳти сарварии Ҳомид Карзай торафт амнтар ва нерӯмандтар мегардад. Ҳомиди Карзай низ изҳор кард, ки, дар ҳақиқат, кишвараш комёбиҳо дорад, аз ҷумла, дар бунёди роҳҳои заминӣ ва бахши маориф.


Ва аммо раҳбарони ду кишвар баъд аз мулоқоташон дар Ню-Йорк дар робита ба боло рафтани кишту парвариши хашхош ва фаъол шудани Толибон дар Афғонистон хомӯширо авлотар донистанд.
XS
SM
MD
LG