Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии ҳазинаи ҳаҷ дар Тоҷикистон


FB

Ҳазинаи сафари ҳаҷ барои ҳуҷҷоҷи тоҷикистонӣ назар ба соли гузашта имсол 200 долари амрикоӣ гаронтар шудааст. Акнун ҳоҷиёни тоҷик барои зиёрати ҷойҳои муқаддас ва адои маросими ҳаҷ 2700 доллар пардохт хоҳанд кард.


Иллати боло рафтани нархи сафари ҳаҷро масъулини вазорати фарҳанг чунин шарҳ додаанд, ки онҳо ҳоҷиёнро бо ғизои седафъаина таъмин хоҳанд кард. Гуфта мешавад, қаблан шаҳрвандони мо ғизоро бо худ мебурданд, ки гӯиё боиси душвор ва нороҳат гаштани сафарашон мегаштааст. Ҳамчунин дар Маккаву Мадина қимати меҳмонхонаҳо 40 дарсад афзуда, барои як ҳоҷӣ 650 доларро ташкил медиҳад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта як ҳоҷӣ бар ивази 600 доллар дар меҳмонхона зиндагӣ мекард.

Феълан баҳои билети ҳавопаймо 1400 доллар, андози Арабситони саъудӣ - 280 доллар, ғизо - 150 доллар, гусфанд барои қурбонӣ - 100 долар ва дигар хизматарсониҳо 120 доларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG