Пайвандҳои дастрасӣ

Демократия дар Тоҷикистон


Бештар дар ин бора

Салом ба тоҷикони дар ҳасрати Демократия!

Аввало, аз хонандагон хоҳиш мекунам, ки як дам аз хандаву хайронӣ барои демократия дар Тоҷикистон боз истанд. Ман баҳои «5» медодам.

Хонандаи азиз, барои демократия дар Тоҷикистон ҳаст ё нест бисёр ҳайрон нашавед. Демократия ҳаст, танҳо барои ҳукуматдорон. Инро «Демократияи халқӣ» мегӯянд, лекин халқ, не балки ҳукумат озодона бо мардум ҳарчи мехоҳад мекунад. Масалан, аз ҳазор як мисолаш ин аст, ки Президент ба деҳқонони Тоҷикистон замин медиҳад, боз мехоҳад мегирад. Қонун мебароранд, ки дар заминҳои президентӣ гандуму дигар зироат коридан мумкин нест, ба ҷуз пахта. Демократияро бинед, браво! Чи хел сарашон нағз кор мекунад, барои заминҳоро аз мардум гирифтан чи хел роҳҳо меёбанд. Офарин, бар Ҳукумати демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон!!!

Агар мо, халқи тоҷик, ба ин нависонавис бисёртар рӯ биорем, фикр мекунам, ки аз ин бадтар мешавему беҳ не, чунки инро ба ғайр аз халқи одӣ дигар ҳеч кас қабул надорад. Амал кардан даркор. Ба ҳаминаш ҳам Худоро ҳазор бор шукр мегӯям, ки аз ин бад нашавад.

Як точик.
--------------------------------------

Салом, бародарон!

Ба фикри ман, он баҳое, ки ин созмон ба демократияи Тоҷикистон додааст, хеле муносиб аст. Зеро аслан ин демократияро демократия гуфтан ҳам дуруст нест.

Як тоҷик аз хориҷ.
--------------------------------------

Салом, мардуми озодихоҳи тоҷик!

«Freedom House» ба демократияи Тоҷикистон баҳои воқеъӣ додааст. Ман ба ин чиз куллан розӣ ҳастам. Аммо «Freedom House» ба ҷои ин гапҳои иғвоангез ягон дастгирӣ ба халқи побанди диктатурии тоҷик нишон диҳад ва ба онҳо роҳи баромадан аз ин вазъиятро на бо роҳи инқилобҳои хунин, балки роҳи дигаре нишон дихад.

Ман ба иқдоми «Freedom House» баҳои 3 ва ба демократияи Тоҷикистон баҳои 2 мемонам.

Боқӣ - Худо ҳофиз!

Комили Кӯҳистонӣ, донишҷӯ аз ноҳияи Шуғнон.
--------------------------------------

Салом алайкум ба мардуми тоҷик!

Аввалан, ман намебинам, ки ҷумҳурии мо давлати демократӣ бошад, зеро, агар мо бо ақли худамон нигоҳ кунем ва қиёси демократияи худамонро бо демократияи дигар давлатҳо кунем, ҷумҳурии худамон давлати демократӣ намебарояд: баъзе ҳуқуқи мардум поймол карда мешавад, масалан, масъалаи ҳиҷоб, ки дар ҷумҳурӣ масъалаи вазнинтарин маҳсуб мешавад. Дар инҷо ҳуқуқи модарону хоҳарони мо поймол карда шуд ва ин демократия нест.

Баҳои ман ба демократия дар ҷумҳурии мо 2 аст.

Саттор.
--------------------------------------

Ba nomi Khudoi mehrubon, Salom.

"Demokratiya","Ozodi", Khudoyo, to ba kay in shiorhoi durugro istifoda burda khuni mardum mekhurand, mardumro ba vartai halokat mekashand.

"Demokratiya" - in yak shiori durugest, ki imruz dar tamomi jahon davlatdoron onro istifoda burda hukm meronand.
Halli yagonaro man dar on mebinam, ki khalki musalmoni tojik yak shuda az rui dini khudashon amal kunand. Zero din konuni khudost va onro hej kas tagir doda nametavonad. Ammo konune, ku al'on dar Tojikiston vujud dorad, har vakt onro davlatdoron tagir doda ba manfiati khudashon meguzorand, bokimonda murad murdan girad.
{tojiki garib}
------------------------------


Салом!

Чаро хандаовар бошад? Сухани ҳақ талх аст. Вақте бидуни огоҳии қаблӣ мағозаҳои мардумро, ки танҳо манбаъи даромади чанд оила буданд, хароб карданд.

Чаро мо аз интиқоди «Freedom House» биранҷем?

Донишҷӯи ДДМТ.
--------------------------------------

salom ba hamai hamvatanonam. Man yak farzandi dehkon, lekin ba fikri man demokratiya dar sathi alo karor nadoshta boshad ham dar toj-n nisbat ba digar davlatho hubtar dida meshavad. Albata kambudiho hastandu mo chi kor karda metavonem hej chikor karda nametavonem. Chi shumo fikr mekuned ki dar digar davlatho ba monandi amerika, UK va gaira dem-ya hast, hahaha ne, dar on jo niz dem-ya nest, chunki halk 65% dar amriko ziddi jangi irok budand lekin hukumati amerika chize ki hohad mekunad.
Ba hama salom az Salmon, salomat boshed
------------------------------


Вой бар ҳоли касе, ки дар ин давру замон ба сар мебарад. Бо ҳар сурат ўро тарсониданд ва барои ў рангҳоеро, худашон мехоҳанд нишон додаанд. наметавонад ин миллат сафедро сафед ва сиёҳро сиёҳ гуяд. Ин дар торих сабт мегардад бо номҳои шахсоне ки ин миллатро хор карданд. Мерасад марде, ки занҷири гуломон бишканад. Ва он кореро, ки марди вокеи ва хакикии ин миллат Устод Нури кард давом хохад дод. Ин миллат танхо ин гуна инсонҳоро дуст медорад.Дигарашро мунтазир аст....
-------------------------------------

Салом ба ҳамаи озодандешон.

Воқиъан, ҳамаи онҳое, ки ақидаашонро баён кардаанд, касе ба демократияи тоҷик баҳои хуб намондааст, зеро воқеъият чунин аст. Он чи айён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Хитоб ба ҳукумат, ки касе ҳукумататонро хуш надорад. Бо эҳсосоти мардум бозӣ накунед ва муқаддасоташонро тавҳин накунед ва ҳама аз шумо розӣ хоҳанд шуд.

Дар охир, дар ин даҳаи охир, ки вақти иҷобати дуост аз ҳамагон орзуи дуоҳои нек барои бақои Радиои Озодиямонро дорем. Танҳо ҳаминро радиоро дорем, ки дарди дил мекунем. Худо раисони моро имони комил диҳад ва барои ин дин ва миллати мусалмон хидмати содиқона кунанд, зеро рӯзу пурсида хоҳем шуд. Илтимос, дуоҳои нек кунед, шояд рӯзе ҳидоят ёбанд.

Абдуллоҳи Маҳмуд, нафаҳахӯр ва дуогӯи миллат
---------------------------------

Шумо, радиои Озодӣ чӣ демократияро дар майдони баҳс мондед, худатонро ислоҳ кунед, чор бор шуд менависам, гӯё, ки намебинед.
___________________


Салом. Оиди мавҷудияти демократия ва ё ҳатто элементҳои алоҳидаи он дар Тоҷикистон сухан рондан нашояд. Гарчи дар ҳама ҷо ҳукуматдорон оиди демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ будани ҷумҳурӣ ҳарф мезананд, вале барои Тоҷикистон чунин мафҳумҳои муқаддас хело дур ва бегона аст. Ман бо баҳои додаи Freedom House сад дар сад розӣ ҳастам. Барои тақвияти фикрам, кифоя аст, ки ба нуктаҳои зер назар кунем:
1. Мавҷуд набудани ВАО-и дар ҳақиқат озод ва мустақил.
2. Таъқиб ва дағалона поймол шудани ҳуқуқи баъзе хабарнигорон, донишҷӯён, аскарбачаҳо, тоҷирон ва ғ.
3. Ба авҷи аъло расидани фасодкорӣ дар ҳамаи сатҳҳои ҷомеъа(маҳалгароӣ, харидуфурӯши мансабҳо ва ғ.).
4. Ташкили ҳизбҳои кисагӣ ва халалдор намудани фаъолияти ҳизбҳои воқеъан мустақил, аз тарафи сохторҳои гуногуни давлат. Таъқиби лидерҳои сиёсии мухолифи давлат.
5. Номустақил будани додгоҳҳо.

Ин руйхатро давом додан мумкин, вале мутаассифона, фурсат кам аст.
Бо эҳтиром,
Маҳмадраҳим
--------------------------------------
«Freedom House» дурӯғ мегуяд! Агар ин ташкилоти амрикоиро дар Тоҷикистон сабти ном мекарданд, ҳеч вақт баҳои 3 намегузошт. Ба ҳар нафар андешманд маълум аст, ки ин ташкилот ба Ҳукумати Тоҷикистон хушомадгӯӣ мекунад, вагарна баҳои "се" намемонд. Ба кадом дастовардҳои демократии Тоҷикистон «Freedom House» бахои 3 гузоштааст, Худо медонаду масъулини ин ташкилоти «бақувват».
Салом ба хамаи хамватанонам!!

Умед.
-------------------------------------

Бахои ман вазъи демократия дар ТОЧИКИСТОН 2.5 аст. Чаро ки дар кишваре ки рузноманигор наметавонад
сухани худро озодона бигуяд дар бораи дар борат демократия гап задан хеч маъние надорад. Охир рузноманигорро оинаи рузгори мардум мегуянд!

Офарин бар донишчудухтари донишгохи забонхо ДАВЛАТМОХ ИСМОИЛОВА, ки аз иффату хаеи худ дифо намуда мукобили вазорати маорифу донишгохи худ истодагари намуд. Гунохи у ин буд ки тарики русари ба донишгох мерафт пас кучост ДЕМОКРАТИЯ.
БО ЭХТИРОМ, JELON!!!
-----------------------------------


Салом ба точикони дар хасрати Демократия!

Аввало аз хонандагон хохиш мекунам, ки аз демократия дар Точикистон як дам аз хандаву хайрони боз истанд.

Ман бахои «5» медодам. Хонандаи азиз, барои демократия дар Точикистон хаст ё нест бисёр хайрон нашавед Демократия хаст танхо барои хукуматдорон. Инро «Демократияи халки» мегуянд, лекин халк не балки хукумат озодона бо мардум хар чи мехохад мекунад. Масалан, аз хазор як мисолаш ин аст, ки Президент ба дехконони Точикистон замин медихад, боз мехохад мегирад. Конун мебароранд, ки дар заминхои президенти гандуму дигар зироат коридан мумкин нест ба чуз пахта. Демократияро бинед, браво! Чи хел сарашон нагз кор мекунад, барои заминхоро аз мардум гирифтан чи хел роххо меёбанд.

Офарин, бар Хукумати демократи хукукбунёди Точикистон.
Агар мо, халки точик, ру ба ин нависонавис бисёртар биорем фикр мекунам, ки аз ин бадтар мешавему бех не, чунки инро ба гайр аз халки оди дигар хеч кас кабул надорад. Амал кардан даркор. Ба хаминаш хам Худоро хазор бор шукр мегуям, ки аз ин бад нашавад.

Як точик
--------------------------------------------------


Эй бародарон, мо бояд шукри истиқлолияти Тоҷикистонро кунем, ки имрӯз забони мо давлатӣ аст. Охир, мо бояд худ обод кунем давлатамонро ва он монеъаҳо аз байн раванд.

Мурод.
--------------------------------------

Салом ҳамеҳанон !

«Freedom House» баҳои сазовор додааст. Воқеан дар Тоҷикистон демократия комилан ба назар намерасад. Мақомоти ҳокимияти иҷроя яккаҳукмрон аст, мақомоти судӣ ва қонунбарор - лаганбардор.

Зинда бод режими авторитарӣ!
Тоҷикистони азизам, меҳани авторитаризмам.

Коваи оҳангар.
--------------------------------------

Салом! Ман баҳои 99 медиҳам, агар ин баҳо бошад!!!

«Freedom House» бисёр дараҷаи хуб додааст. Ман бошам нисбат ба он нафароне, ки навиштаанд, зид мебошам. Назар ба пештара дарачаи аҷоибро сазовор шудааст ватани азизам. Шояд дар оянда дараҷаи аз ин ҳам хубтар диҳанд. Калимаи «Демократия» маънояш озодист. Охир, мафҳуми озодӣ ин худаш далолат ба он мекунад, ки мардум озоданд. Хайр, агар ин мафҳумро диҳад, пас чаро духтари тоҷикро намегузоранд, ки ҳиҷоб бандад. Охир, ин чи зараре дошта бошад.

Ҳозир чи бисёр? Мадикор бисёр ва он харҷе, ки ба донишҷӯ мекунанд, ба мардикор кунанд, ӯ бо ҷону дил пахтаи шуморо чинда ба дастатон медиҳад. Ҳамин камбудиҳои майда-чуйдаро аз байн баранд, дунё олам мешаваду Тоҷикистони мо ба максадаш хоҳад расид.

Пас «Freedom House» 3 дараҷа намемонаду 100 дараҷа мемонад.

Ба Шумо - комёбӣ. Дар ғами мардум бошед. Дар ғами мардум ҳамчунин бояд ҳамон нафароне бошанд, ки Худованд барояшон курсии мулоими раҳбариро насиб гардонид. Хайр, биёед фикр кунед: агар мо набошем, Шуморо кӣ нигоҳ мекунад? Барои шахси бофаҳм ҳаминаш ҳам бас мебошад. Боз ногуфта намонад, эй бародар, чи кори хубе кардӣ, ҳамон мемонад!

Ошиқи ватан Моҳира, U.K., London.
--------------------------------------

Freedom House bahoyi xele khub mondaast, bahoyi man 0,0025
-----------------------------

Дар Точикистон Демократия танхо дар когазхо хобидааст аммо дар амал нест
----------------------------------

salom,
dar TJK demokratiya aslan vujud nadorad aslan in ma'no bo kishvari mo khile farsanho dur asr,,va mishavad bahoi kamtar az 0 (SIFR) ba demokratiyai tojik dod.
Alijon
----------------------------------


Тоҷикистон ва демократия?????? Ман аз ханда намедонам чи бигӯям....
--------------------------------------

Агар ба ин «демократия» халқи тоҷик баҳои -5 диҳад ҳам, боз ҳаққи вай меравад. Чунки дар Тоҷикистон баъди солҳои 1991-1992 ҳоло ҳатто шамоли демократия ҳам навазидааст - худи ДЕМОКРАТИЯ он тараф истад!!!!

Президент Раҳмонов аз халқи худаш тарсида, доим роҳҳоро чандсоатӣ мебандад!! Аз пиёдагардӣ ба ҷон задем, охир!!!! Дар телевизор фақат «зинда бод президент!», «кафили сулҳ!» мегӯянду халос. Ҳатто мусафедону муллоҳои фурӯхташуда ҳам. Гӯиё ин миллат ягон проблема надорад ба ғайр аз «160 рӯзи ободонӣ»-ю «шукри истиқлоли ватан» гуфтан.

Тунели Анзоб гуфтанд шабу рӯз аз радио ва телевизион, лекин куҷо шуд ҳамон тунелаш????!!!!!
Илтимос, чоп кунед.

Шуҳрати варзобӣ.
--------------------------------------

Салом. Ҳаминро гуфтаниям, ки дар Тоҷикистон доду бедодист аз дасти кормандони пулис ва баъзе мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Худо накунад, ки коратон ба пулис афтад. Ҳам шахси ҷабрдида ва ҳам гунаҳкор ба доми нафси онҳо меафтанд.

Ба фикри ман, дар кишвари демократӣ ҳуқуқи инсон афзалият дорад. Аммо дар мо чи? Кормандони пулис худ шоҳу табъашон вазир аст. Вазифаи аслии онҳо ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо ва озодиҳои шаҳрванд аст, вале онҳо ба сокинон зӯроварӣ мекуннад, дашном медиҳанд ва ҳатто, агар хоҳанд, ба хонаатон даромада мезананд...

Ин чи гап аст? Магар демократияи нав ҳамин аст? Кӣ ба доди мардум мерасад? Ҳоло баҳонаи нав барои кормандони пулис ва нозирони минтақавӣ ва дигар органҳои қудратӣ қонуни ҷадид оид ба танзими расму оинҳо ва қарори кӯчонидани хонаҳо шудааст. Ба кадом хонае, ки хоҳанд, мераванд ва аҳли оиларо, ҳар тавре ки хоханд, фишор медиҳанд. Чаро? Чаро ба доди мардум касе намерасад? Чаро ба кори ин кормандони пулис, ки чун замбурӯғи баъди борон зиёд аст, касе назорати ҷиддӣ намекунад? Наход вазифаи онҳо ҳам фурӯхта шавад ва онҳо дар байни мардум барои ҷамъоварии пулҳои сарфкарда ва «доля»-ҳои раҳбаронашон сар дода шуда бошанд? Вой бар ҳоли мардуми дар ҷомиъаи демократии ҳуқуқбунёди дунявии Тоҷикистони навин зиндагӣ дошта!...

Додрас.
--------------------------------------

Агар баҳои 0 вуҷуд дорад, ман ин баҳоро медиҳам, зеро бо забони дароз «мо мусалмонем» мегӯянд макомдорону санги ҳақорат ба ислом мезананд, ва, агар касе ҷиҳати ҳимоят аз ислом ба эшон ҷавоби мутобиқ гардонад ба маҳкама мекашанаш.

Мардуми шарифи тоҷик як мақол дорад: «Бозӣ накун ба арбоб, ки мезанад ба ҳар боб». Ин мақол хилофи принсипҳои демократия аст ва мақомдорон (манзур мансаби давлатидорон) тибқи ин мақол амал мекунанд.
Абдулло, ш. Душанбе.
--------------------------------------

Дар Тоҷикистон калимаи "демократия" дар рӯи коғаз аст. Ман ба демократияи Тоҷикистон баҳои 2 мемонам.
Ку ягон ҷо арз кунед, бинед, ки ба арзу доди шумо кӣ мерасад, кӣ шуморо гӯш мекунад.
--------------------------------------

Бо арзи салом ба мухлисони ин сомона.
... Ҳукумати моро ҲХДТ ҳукмронӣ мекунад. Метавон гуфт, ба номи демократия зуҳур карда, ва доранд аз он пуштибонӣ мекунанд.
Аммо аз кадом навъи демократия пайравӣ мекунад, ҳадс задан душвор аст.

Банда ҳамин қадар баҳо дода метавонам, ки демократияи имрӯзи кишвари мо на демократияи замонавӣ буда, балки демократияест ғайризамонавӣ. Ба ин маъно, ки воломақомон, ҳар он чиро хостанду ба манфиаташон буд, демократия шумурданд – фарқ надорад, ки он ба зиёни алайҳи дигар аҳзобу созмонҳои сиёсӣ дар кишвар бошад.

Аз ҷумла ронда кардани духтарони донишҷӯи босатр аз донишгоҳҳо, ҳамчунин тахриби масоҷид ва маҳдуд кардани озодии виҷдон ва созмонҳои мазҳабӣ хилофи сарқонуни кишвар мебошад.

Бино бар ин баҳое, ки ба кишвари мо дода шудааст, аз рӯи санҷиш ва омори демократӣ мушаххасан дар ҷои сазовор аст.

Бо эҳтиром, Мусофир.
--------------------------------------

Ман баҳои 1 мемондам! Tajikistan is living Dictatorship!
Siham.
--------------------------------------

Ассалому алайкум ба ҳамаи халқи тоҷик!

Ман аз демократияи тоҷикистон розӣ нестам. Мо мегӯем, ки дар Тоҷикистон демократия ҳаст. Пас чаро духтари мусалмонро намемонанд бо либоси мусалмонӣ ба мактаб равад?

Президенти мо дар «ҷазира» гуфта буд, ки 90 фоизи мардуми мо мусалмонанд. Ин тавр бошад, чаро намемонанд, ки духтари мусалмон бо рӯймол ба мактаб равад? Ҳатто давлати кофир ин корро намекунад.

Ашӯр.
--------------------------------------

Салом, кормандони «Озодӣ»!

«Freedom House» баҳои сазовор додааст ва, ман фикр мекунам, Тоҷикистонро ҳамин баҳо каноатбахш аст. Аслан, баҳо додан ба демократия дар Тоҷикистон каме мушкил аст, чаро ки демократияи мо дар як сатҳ ё худ дар як дараҷа нест. Аммо ман ҳамчун як тоҷикистонӣ ба демократия дар кишвар баҳои 3-4 медиҳам. Сабаб дар он, ки, агар як ҷавон шиквае аз ҳукумату кишвар намояд, тамом, кораш ба пулису суд меафтад; ё худ шикоятҳои донишҷӯён аз нарафтан ба пахта ба гӯши касе намерасад, дар ҳоле ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо донишҷӯёну ҷавонон озодона шикоят мекунанд ва аз президенту ҳукумати худ бепарвоёна арзу дод мекунанд.

Дар мо аслан чунин нест. Дар мо ба ҷои вожаи «демократия» калимаи «коррупсия» хело шуҳратманд аст.

Фирдавс, ИМА.
---------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG