Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: 100 ҳазор интихобкунандаи мавҷуднабуда сабтином шуд


Хадамоти амниятии Укроин мақомоти интихоботии ин кишвар дар вилоятҳоро айбдор кард, ки наздик ба 100 ҳазор нафар интихобкунандаи мавҷуднабударо сабтином кардаанд.


Сухангӯи ин хадамот Адрий Михтаев мегӯяд, ба ин сабаб дар Харков тақаллубҳои интихоботӣ ба амал омадааст. Интихоботи порлумнии Укроин рӯзи 30-юми сентябр ҷараён хоҳад гирифт.


Як мақоми Харков, Олександр Кривтсов, бархе аз иштибоҳҳоро дар ин замина иқрор кард, вале мегӯяд, хадамоти амният ҳақ надоранд бо иҷрои қонуни интихобот машғул бошад.
XS
SM
MD
LG