Пайвандҳои дастрасӣ

Райс бо Бердимуҳаммадов сари чи суҳбат хоҳад кард?


Кумитаи дифоъ аз журналистон, ки дар Ню Йорк марказ дорад, аз вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс тақозо кард, дар ҷараёни гуфтушунид бо раисиҷумҳури Туркманистон, қазияи ҳалокати журналисти туркман Огулсафар Муродоваро дар миён бигзорад.


Ин дар ҳолест, ки қарор аст хонум Райс, дар давоми ин ҳафта ба муносибати Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кунад.


Огулсафар Муродова, хабарнигори РАО-РО, ки ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар моҳи сентябри соли 2006 дар маҳбаси Туркманистон дар вазъи норавшан ба ҳалокат расид.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, айбномаи ӯ тақаллубӣ буд.
XS
SM
MD
LG