Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай: дасти дӯстӣ бa толибони хайрхоҳ


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мегӯяд, ҳукуматаш талош дорад, тарафдорони Толибонро ба масири аслии сиёсии Афғонистон ҷалб кунад.

Дар суханронияш дар ҳамоиши бахшида ба Афғонистон дар СММ, Карзай гуфт, мақсад тамос бо толибҳоест, ки бахше аз Ал-Қоида нестанд.


Тибқи хабари дигар аз Афғонистон, бар асари тирборони як мошин, ки полис ва кормандони давлати Афғонистонро аз вилояти Бадахшон ба Кобул интиқол медод, 12 нафар кушта шудаанд. Дар ғарби Афғонистон 3 корманди афғони як ширкати хусусии амниятии Иёлоти Муттаҳида аз тарафи ошӯбгарони толиб ба қатл расида, 10 нафари дигар дар вилояти Фароҳ бенишон шудаанд.
XS
SM
MD
LG