Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҷопон сарвазири нав интихоб шуд


Ясуо Факуда сарвазири нави Ҷонпон интихоб шуд.


Имрӯз, 25 сентябр палатаи поёнии порлумони Ҷопон аз ин сиёсатмадори 71- сола ҷонибдорӣ кард. Фукуда ду рӯз пеш раиси ҳизби ҳукмрони либерал-демократӣ интихоб шуда буд.


Ҳукумати сарвазири пешини Ҷопон Шинзо Абэ имрӯз ба истеъфо рафт то ба Ясуо Фукуда барои таъсиси кобинаи нав шароит фароҳам оварад.


Шинзо Абэ рӯзи 12 сентябр баъд чанд моҷарои молӣ дар ҳукумат ва шикаст дар интихобот ба Палатаи болоии парлумон дар бораи тарки маснад тасмим гирифт.
XS
SM
MD
LG