Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пахтачинҳои ҳафтсолаи узбак


Дар Ӯзбакистон, мисли Тоҷикистон, барои мактабиёну донишҷӯён мавсими чиниши пахта шурӯъ шуд. Имсол назар ба мушоҳидаҳо, чораҳо боз ҳам шадидтар шуда, қариб ҳама муҳассилон - духтару писарҳо - ба майдонҳо сафарбар шуданд. Охирин хабар ин аст, ки тибқи иттилои фаъолони ҳуқуқи башар, дар вилоёти Самарқанду Ҷиззах мақомот аз мактабиёну донишҷӯён тақозо мекунанд, ки баёнияи хаттӣ навишта оиди ба қавли онҳо, довталабона ба пахтачинӣ рафтани худ забонхат диҳанд. Меҳрубон, як ҳамкори ман дар бахши ӯзбакӣ, ки ин мавзӯъро имрӯз дунбол мекард, гуфт:

"Тибқи маълумот, дар вилояти Ҷиззах муҳассилони мактабҳои ҳамагонӣ, коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ маҷбуран баёния менависанд, ки онҳо ихтиёран ба чиниши пахта сафарбар шудаанд"

Тавре гуфтем, ба ин маърака ҳама бахшҳои ҷавонон, ба ҷуз муҳассилони мактабҳои пойтахт, шаҳри Тошканд ва ба истиснои ҷавонҳои маъюб ва ҷавонзанҳои ҳомиладору соҳиби кӯдаки хурдсол равона мешаванд.

Дар матлаби саҳифаи интернетии www.centrasia.ru гуфта мешавад, ки ба ҳама муассисаҳои тиббӣ додани гувоҳномаи бемории муҳассилон манъ шудааст. Хонум Меҳрубон афзуд, ки дар бархе манотиқ, ҳатто талабаҳои синфҳои аввалро ҳам ба пахтачинӣ мефиристанд:

"Дар Ӯзбакистон аксар хонандаҳои синфҳои поёниро ҳам ба пахтачинӣ мефиристанд. Дар вилояти Хоразм ҳатто хонандаҳои синфои аввалро ба майдонҳо бурдаанд"

Хонум Меҳрубон афзуд, ки имсол аз ҳар ҷавон тақозо мешавад, ки рӯзона на камтар аз 50 кило пахта чинад ва мақомот қимати як кило пахтаи чидашударо аз 50 то 62 сӯм боло бурдаанд. Вай афзуд, дар ҳоле, ки ҳаққи хизмати ҷавонон ҳафтае як бор мураттаб пардохт мешавад, аммо бо назардошти ин ки 1 кило пахта ҳамагӣ 5 сент қимат дорад ва харҷи хӯроки ҷавонон аз маоши онҳо кам мешавад, дар дасти онҳо ниҳоятан пули ночиз боқӣ мемонад. Зимнан, ғизои пахтачинҳои ҷавон дар Ӯзбакистон, мисли Тоҷикистон якранг аст: яъне оби карам, макарон, шӯрбои бегӯшт ва ғайра. Боз ҳам, кӯмаки аслиро волидон мекунанд, ки ҳар сари чанд ба майдон омада аз ҳоли фарзандони худ хабар мегиранд, мегӯяд Меҳрубон.

Тибқи муқаррароти вазорати маорифи Ӯзбакистон, хонандаҳои мактабҳои миёнаву олии ин кишвар соле то чаҳор моҳро дар майдонҳои пахта сипарӣ мекунанд, яъне ду-се моҳи тирамоҳ барои чиниши ҳосил ва як моҳ дар баҳор бо мавсими ягона машғул мешаванд.

"Дар натиҷа, тибқи интиқодҳои фаъолони ҳуқуқи башар, дар Ӯзбакистон савияи дониши хонандаҳои мактабҳои миёнаву олӣ хеле поин рафтааст"

Дар Тоҷикистон ҳам, тавре гуфтем, мавсими чиниши пахта барои аксар донишҷӯёни вилояти кишвар оғоз шудааст. Дар ин моҳи Рамазон ҳазорҳо муҳассилони мактабҳои олии Суғду Хатлон дар майдонҳо ба сар мебаранд. Тибқи баъзе арзёбиҳо, 40 дар сади ҳосили пахтаи солонаи Тоҷикистон бо заҳмати мактабиёну донишҷӯён чида мешавад.
XS
SM
MD
LG