Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости иҷозаи ронандагӣ барои занони Саудӣ


Зиёда аз як ҳазор ҳомии ҳуқуқи инсони Арабистони Саудӣ, ки аксарияташон занонанд, ба номи шоҳ Абдуллоҳ аризае фиристода, дар он талаб карданд, ба занон дар Саъудия ҳаққи ронандагӣ дода шавад.


Яке аз фаъолон, Ваҷиҳа ал-Ҳувейдер ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ин номаро ба шоҳ Кумитаи ҳуқуқи занон ба ронандагӣ дар рӯзи миллии Арабистони Саудӣ ирсол дошт.


Дар изҳорот гуфта мешавад, дар ҳоле ки ронандагии занон мамнӯъ аст, хонаводаҳо маҷбур мешаванд, барои кирояи ронандагони хориҷӣ сармоя сарф кунанд.
XS
SM
MD
LG