Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати ИМА кумак мекунад


Сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Трейсӣ Ҷейкобсон дар мавриди иҷрои марҳилаи севуми тарҳи бозсозии масҷиди Хоҷамашҳади ноҳияи Шаҳритус, воқеъ дар ҷануби шарқии ин кишварро, имрӯз бо масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қарордоди кумаки билоивазро имзо намуд.


Гуфта мешавад, ҳаҷми ин тарҳ дар ҳудуди 106 000 доллари амрикоӣ мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми кумакҳои билоивази ин сафорат ба Тоҷикистон дар заминаи ҳифзи осори фарҳангиву таърихӣ аз соли 2001 ба ин тараф тақрибан 345 000 долларро ташкил медиҳад.


Дар ҳамин ҳол сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамчунин дар чаҳорчӯби барномаи ҳимоят аз демукросӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатии ин кишвар ба миқдори 100 000 доллар 13 бурс ё кумаки билоиваз ироъа намудааст.


Трейсӣ Ҷейкобсон, сафири Амрико дар Тоҷикистон, дар суҳбат ба хабарнигорон аз ҷумла изҳор кард, ки ироъаи ин маблағҳо ба созмонҳои ғайридавлатӣ кумакҳои иловагӣ ҳастанд, то асосӣ, ва ба манзури ҳимоят аз барномаҳои алоҳидаи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон сурат мегиранд.
XS
SM
MD
LG