Пайвандҳои дастрасӣ

Гордон Браун: ҷанг барои дилҳову зеҳнҳо


Сарвазири Бритониё Гордон Браун мегӯяд, ки кишвараш дар ҷанги зидди терроризм ҳампаймонии наздики низомиро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳким хоҳад дод. Вале дар ҳамин ҳол ӯ огоҳ кард, ки ин ҷо танҳо нерӯ кофӣ нахоҳад буд.


Дар паёми худ дар анҷумани ҳизби «Кор» сарвазири Бритониё пойбандии кишварашро ба вазифаҳо дар Ироқ ва Афғонистон тасдиқ кард ва гуфт, ки набояд ҷое барои терроризм паноҳгоҳи амн бошад.


Ба гуфтаи ӯ, Бритониё якҷо бо ҳампаймонҳои худ ҳамчунин талош хоҳад кард, ки тундравиро дар инзиво гирад ва дар ҷанг барои дилҳову зеҳнҳо пирӯз гардад.
XS
SM
MD
LG