Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти Давлатмоҳ Исмоилова боз рад шуд


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аризаи дубораи Давлатмоҳ Исмоилова, як донишҷӯдухтари ҳиҷобпӯшро бекор кард ва ба даъвои ӯ посухи рад дод.


Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Давлатмоҳ Исмоилова, барои барқарор намудани мӯҳлати шикояти такрориашон дар таърихи 20-уми июл дар муқобили ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дигарбора шикоят бурда буд, вале аризаи даъвоии онҳо аз ҷониби Абдулло Раҳматов, додраси ноҳияи Шоҳмансур бо иллати гузаштан аз мӯҳлати ҳаққи шикоят, мавриди баррасӣ қарор нагирифт. Абдуллоҳ Раҳматов, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур гуфт, зери аризаи шикоятӣ мӯҳр ва имзои кадом масъули додгоҳ вуҷуд надорад ва ҳол он ки ҳар муассиса вақте ариза ё номаеро қабул медорад, мӯҳр ва насаби шахси қабулкунандаро рӯйи он қайд мекунад.


Шӯҳрат Қудратов гуфт, аз болои ин таъиноти додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикояти дигарбора ба додгоҳи Душанбе ирсол кардааст ва ба назараш ин таъиноти додрас Раҳматов ба Кодекси мурофиаи граждании Тоҷикистон мухолиф аст.


Давлатмоҳ Исмоилова барои ширкат дар донишгоҳ бо рӯсарӣ, аз ҷониби раҳбарияти Донишкадаи давлатии забонҳо иҷозат дода нашуд. Аз ин рӯ, хонум Исмоилова алайҳи Вазорати маориф ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурд. Аммо додгоҳи ин ноҳия аз хонум Исмоилова пуштибонӣ накард. Ба дунболи ин, вай ба додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат намуд. Аризаи даъвогии онҳо дар муқобили ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бо сабабҳои норӯшан 6 рӯз баъд аз мӯҳлати пешниҳоди ариза сабти ном шудааст.
XS
SM
MD
LG