Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз тағйири иқлим


пайомадҳои тағйири иқлим ислоҳнопазир хоҳанд шуд. агар чораҳои сахттаре гирифта нашавад Бан дар арафаи ин конфронс ба хабарнигорон гуфт Аз оғози фаъолияташ ба ҳайси Дабири кулли СММ

Бан гуфт, сарони ҷаҳон дар ин ҳамоиши ғайрирасмӣ бояд ба ҳалли масъала ҳисси нави садоқат нишон диҳанд. Масъалае, ки рӯ бар рӯи ҳар яки мост ва бар замми ин рӯбарӯи осбепазиртарин бахши аҳолии ҷаҳон, ки зери хатари боло рафтани сатҳи баҳранд ва тағйири иқлим ба таъмини онҳо бо ғизову об таъсири азим дорад.

Офатҳои шадид, монанди тӯфону сел ва хушксолу биёбонгардии замин аллакай ба бахши бузурге аз олма таҳдид мекунад. Имкон дорад, дар ояндаи наздик навъи дигаре аз паноҳандагон пайдо хоҳад шуд, ки паноҳандагони зистмуҳитӣ ном хоҳанд гирифт.

Дабири кулли СММ мегӯяд, ҳадафи ӯ аз ҳамоиши Ню Йорк таҳияи паёми қавии сарони ҷаҳон дар ростои гуфтушунидҳои тағйири иқлим дар Болист, ки дар моҳи декабр баргузор хоҳад шуд. Дар ин анҷуман бояд созишномаи наве ҳамчун ҷойгузини Аҳдномаи Киото, ки танҳо давраи то соли 2012-ро дар бар мегирад, омода гардад.

Аҳдномаи Киото аз ваъдаи 37 кишвари санъатии ҷаҳон ба коҳиши ихроҷи дуоксиди карбон иборат аст. Аммо дар соли 2001, Иёлоти Муттаҳида, бузургтарин тавлидкунандаи бухорҳои гулхонаӣ, ин ваъдаро канор гузошт ва гуфт, иҷрои тақозои Киото ғайривоқеъӣ ва барои иқтисодиёташ зараровар мебошад. Ин иқдом нигаронии зиёдеро ба бор овард, зеро бе Иёлоти Муттаҳида аҳдофи Киото иҷронашаванда мебошанд.

Талошҳои феълии СММ ба он равона шудаанд, ки як формулбандии нав ва барои ҳама қобили қабули коҳиши бухорҳои гулхонаӣ таҳия гардад. Роҷендро Пачаурӣ, раиси Ҳайъати байнидавлатӣ дар умури тағйири иқлим мегӯяд, ин формулбандӣ бояд Иёлоти Муттаҳидаро низ дар бар бигирад.

Пачаурӣ мегӯяд, агар кишварҳо ба аҳди худ боқӣ монанд, харҷи иҷрои барнома чандон зиёд нахоҳад шуд. Дар ин байн чанд рӯйдод далели инанд, ки эҳтимолан муносибати Иёлоти Муттаҳида ба масъала дар ҳоли тағйир бошад. Дар ҳамоиши СММ аз ин кишвар вазири умури хориҷии он Кондолиза Райс намояндагӣ мекунад ва қарор аст, ӯ дар охири ин ҳафта дар Вошингтон конфаронси "Амнияти инержӣ ва тағйири иқлим"-ро мизбонӣ хоҳад кард. Дар конфаронси Вошингтон сарони 15 кишвари пешрафта ширкат хоҳанд кард ва мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ин як замимае хоҳад буд ба ҳамоиши СММ.
XS
SM
MD
LG