Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистону Қирғизистон - муддаъиёни Ҷоми президенти AFC


Севвумин давраи мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти AFC дар шаҳри Лоҳури Покистон ҷараён дорад.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии дуввуми худ тими мизбон - «Покистон Арми»-ро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар дақиқаи 65-ум ҳисобро боз намуданд. Тӯбро легионери даста Аббос Абдуллоев вориди дарвозаи мизбонон сохт. Баъди се дақиқа Мансурҷон Ҳакимов ҳисобро зиёд кард. Як голи дастаи мизбонро Умар Драз дар дақиқаи 73-юм ба ҳадаф расонд.

Бад-ин тартиб "Регар" ТадАЗ, ки дар аввалин дидори худ дастаи «Транспорт Юнайтед»-и Бутанро бо ҳисоби барои ин мусобиқот рекордии 13 бар 0 мағлуб карда буд, дар ду бозӣ 6 имтиёз ба даст оварда, дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» қарор гирифт.

СК "Ратнам"-и Шри-Ланка пас аз мусовӣ дар даври аввал, дар бозии дуввуми худ бар дастаи «Транспорт Юнайтед» бо натиҷаи 6 бар 1 ғолиб омад ва бо 4 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. «Покистон Арми» бо як имтиёз дар ҷои севвум ва «Транспорт Юнайтед» бидуни имтиёз дар ҷои охирин - чаҳорум қарор доранд.

Дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ "Регар" ТадАЗ рӯзи 24-уми сентябр бо СК «Ратнам» ва «Транспорт Юнайтед» бо «Покистон Арми» рақобат мекунанд.

Дастаи "Дордой - Динамо"-и Қирғизистон дар гурӯҳи «В» бо 6 имтиёз пешсаф мебошад. Барандаи Ҷоми президенти AFC дар соли 2006 дар ҳарду бозии худ бар тимҳои «Кхемара»-и Камбоҷа бо натиҷаи 4 бар 0 ва «Маҳендра Полис»-и Непал бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз гардид. Новобаста аз натиҷаи бозии охирини худ бо «Татунг»-и Тайван (рӯзи 25-уми сентябр) «Дордой-Динамо» низ ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
XS
SM
MD
LG