Пайвандҳои дастрасӣ

ТВ «Сомониён» барномаҳояшро аз сар мегирад


Додситони Додгоҳи иқтисодии кишвар Рахматулло Камолов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ ҳукми худро дар мавриди қазияи телевизиони мустақили «Сомониён» ба фоидаи он ҳал кардааст.


Гуфта мешавад, ҳанӯз 25-уми марти соли 2005 Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон ба далели, ба ақидаи он, бо қонун муғойират доштани оинномаи ширкати телевизионии «Сомониён» муҷаввизи онро пас гирифта буд ва додгоҳи иқтисодии пойтахт ҳам, ки раҳбарияти телевизион аз амалкарди кумитаи мазкур ба он шикоят бурда буд, дар як мурофиъаи худ қарори кумитаро дуруст хонд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ин телевизиони мустақили «Сомониён» ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1993 (дуруст дар дувумин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон) аз Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон муҷаввизи фаъолият гирифта буд.


Ба гуфтаи Икром Мирзоев, муассиси телевизиони «Сомониён», то соли 2000-ум телевизиони мазкур ҳафтае 4 рӯз барнома пахш мекард ва аз ин сол ба баъд пахши барномаҳои он ҳаррӯза гардид.


«Сомониён»дар тӯли фаъолияти худ ба яке аз диданитарин телевизионҳои мустақил табдил ёфта буд ва, ба қавли муассиси худ, барномаҳои он пӯшиши 2,5 миллион аҳолии водии Ҳисор ва ҳатто навоҳии бо мо ҳаммарзи Узбакистонро фаро мегирифт.
XS
SM
MD
LG