Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти раҳбарияти мухолифин дар Покистон


Бар асоси гузоришҳои расида, маъмурони пулиси Покистон чанд тан аз раҳбарони нерӯҳои мухолифи давлатро дар шаҳри Исломобод дастгир кардаанд.


Гуфта шудааст, ки полис дастур гирифтааст, то он раҳбарони мухолифинро, ки қавл додаанд, монеъи талоши Парвиз Мушарраф барои ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ мешаванд, боздошт кунанд.


Аҳзоби мухолиф аз Девони олии Покистон тақозо кардаанд, ки дигар ба Парвиз Мушарраф ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурро надиҳад. Онҳо ҳамчунин қавл додаанд, ки ба зидди Парвиз Мушарраф тазоҳуроти оммавӣ баргузор мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG