Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти собиқ ба додгоҳ кашида мешавад


Як Алберто Фуҷиморӣ, президенти собиқи Перу, ки ба фасодкорӣ ва куштор муттаҳам мешавад, ба ин кишвар истирдод гардид.


Раиси ҷумҳури собиқ Фуҷиморӣ, ки дар инҷо ба фасодкорӣ ва куштор муттаҳам мешавад, пас аз 7 соли ҳиҷрат ба ватанаш баргардонида шуд.


Як Алберто Фуҷиморӣ рӯзи шанбе дар иҳотаи маъмурони мусаллаҳ ба пойтахти Перу шаҳри Лима оварда шуд. Як рӯз пештар додгоҳи олии Чили амр дод, ки раиси ҷумҳури собиқи Перу ба ватанаш истирдод шавад.


Раҳбари пешинаи Перу ҳаргуна иттиҳомот алайҳи худро рад мекунад. Фуҷиморӣ, ки аз соли 1990 то соли 2000-ум раиси ҷумҳури Перу буд, баъди фурӯпошии ҳукуматаш ба Ҷопон фирор кард. Ӯро бо дастури байнулмилалии боздошт соли 2005 дар фурудгоҳи Сaнтяго (Чилӣ) дастгир карда буданд.
XS
SM
MD
LG