Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба кор дар Радиои Озодӣ


Огаҳии истихдоми кормандони нав барои Радиои Озодӣ Агар Шумо орзу доред, хабарнигори Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ шавед, ин эълонҳо барои Шумоянд.

ХАБАРНИГОР

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ барои кор дар Дафтари душанбегии худ хабарнигор меҷӯяд ва барои ин озмун эълон мекунад. Касе ки ба ин мақом баргузида мешавад, қарор аст, бо фаъолияти хабарнигории ҳаррӯза машғул гашта, аз рӯйдодҳои муҳими кишвар барои радио гузориши садоӣ омода кунад, акс бигирад ва барои сомонаи интернетӣ мавод таҳия кунад.

Шартҳо:
- Дониши амиқи забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ.
- Ҳунари нигориш ва тавони таҳлили рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.
- Таҳсил дар риштаи рӯзноманигорӣ ё риштаҳои мушобеҳ.
- Ду сол таҷрибаи кор дар расонаи хабарӣ.
- Омодагӣ ба кор дар бастҳои рӯзона ва шабона.
- Омодагӣ ба сафарҳои хидматӣ.


Хоҳишмандон бояд ҳолнома ё CV-и худро бо як номаи шарҳи сабаби муроҷиат ба нишонии Радиои Озодӣ tajik@rferl.org ва tajik@rferl.tajnet.com бифиристанд.

WEBНИГОР

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ барои кор дар cомонаи интернетии www.ozodi.org дар Дафтари душанбегии худ корманд меҷӯяд ва барои ин озмун эълон мекунад. Касе ки ба ин мақом баргузида мешавад, қарор аст, бо фаъолияти хабарнигории ҳаррӯза машғул гашта, аз рӯйдодҳои муҳими кишвар барои сомонаи интернетӣ хабару гузориш омода кунад, акс бигирад ва аксҳоро дар сафҳа танзим намояд.

Шартҳо:
- Дониши амиқи забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ.
- Ҳунари нигориш ва тавони таҳлили рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.
- Таҳсил дар риштаи рӯзноманигорӣ ё риштаҳои мушобеҳ.
- Як сол таҷрибаи кор дар расонаи хабарӣ.
- Омодагӣ ба кор дар бастҳои рӯзона ва шабона.
- Ошноӣ бо ҷанбаъҳои фаннии интернет бурд шумурда хоҳад шуд.
- Ошноӣ бо аккосии диҷитол ва нармафзори Photoshop.


Хоҳишмандон бояд ҳолнома ё CV-и худро бо як номаи шарҳи сабаби муроҷиат ба нишонии Радиои Озодӣ tajik@rferl.org ва tajik@rferl.tajnet.com бифиристанд.
XS
SM
MD
LG