Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масҷиди сурхи Исломободро боз карданд


Салотгузорон дар Масҷиди сурх, ки дар таърихи сеюми октябр аз нав боз шуд, таҳорат мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи Лаъл Масҷид ва ё Масҷиди сурх дар Исломобод тақрибан 5 ҳазор нафар ширкат карданд.

Додгоҳи олии Покистон баъд аз хоҳиши пайвандони афроди ҳангоми ҳамла ба ин масҷид ба ҳалокат расида, дар бораи ифтитоҳи дубораи Лал Масҷид ҳукм содир кард.

Бар асари амалиёти низомӣ дар Масҷиди сурх дар се моҳи пеш тақрибан сад нафар кушта шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Шайх Абдул Азиз – раҳбари боздоштшудаи толибилмони мадрасаи назди Масҷид бо пахши як изҳорот даъват кард, ки мубориза барои ҷорӣ кардани қавонини шариат дар кишвар идома ёбад.

Ва тибқи як хабари дигар аз Исломобод, неруҳои амниятии Покистон ҳангоми рафъи ҳамла ба як постгоҳи ҳукуматӣ дар Вазиристони Шимолӣ 10 тан аз мусаллаҳони пуштибон аз Толибонро куштанд.

Ба иттилоъи расмӣ, ин ҳодиса ҳамин бомдод дар як постгоҳ дар канори шаҳри Мир Алӣ рух дод. Бар асари ҳамла ба постгоҳ ду тан аз сарбозони покистонӣ ҳам ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG