Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Қирғизистон аз СММ


Қирғизистон аз СММ дархост кард, ки барои рушди кишварҳои куҳистонӣ стротегияи вижаи қобили қабулро дар пеш бигирад. Эднон Қаробев-вазири хориҷаи ин кишвар зимни суханронии худ дар Маҷмаъи Умумии СММ изҳор дошт, ки барномаҳои рушди СММ дар манотиқи куҳистонӣ натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд. Вай афзуд, кишварҳои куҳистонӣ дар рушди иқтисоди худ ба душвоӣ ру ба ру ҳастанд, зеро ба таври комил наметавонанд аз захоири табиии худ истифода кунанд. Эднон Қаробоев-вазири хориҷаи Қирғизистон аз СММ дархост кард, ки барои баррасии мушкилиҳои кишварҳои куҳистонӣ мулоқоти раҳбарони кишварҳои ҷаҳонро баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG