Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаррифии тарҳи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон


Маркази байналмилалии тиҷорат бо баргузории як маросими расмӣ дар шаҳри Душанбе тарҳе наверо бо номи "Тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон" муаррифӣ намуд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ густариши рақобати содиротии корхонаҳои коркарди меваву сабзавоти кишвар, аз ҷумла кумак дар таҳияи веб-сойтҳо, порталҳои соҳавӣ ва беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳои муҳими электронӣ мебошад. Ӯ гуфт, лоиҳаи мазкур дар асоси стротежии МБТ оид ба мусоидат ба рушди имконоти кишварҳои тараққикунанда дар истифодаи муассири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ба ҳадафи инкишофи содирот таҳия шудааст.

Ҳамзамон бо муаррифии тарҳи нав давраи омӯзишие барои ширкатҳои маҳаллии ҳавасманд ба мавзӯъ доир шуд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми бозори ҷаҳонии хидматрасонии фанновариҳои иттилоотии муосир ва тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон ба сатҳи 1 трлн доллар (бо суръати 20 дарсадии афзоиш) дар як сол расидааст.
XS
SM
MD
LG